Гев, писари устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш буд, дар вазъи сангин ба як бемористони Маскав интиқол ёфт.

 

Вақте дар яке аз расонаҳо номи хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав Гев Лоҳутӣ ба чашм хӯрд, андешае пайдо шуд, ки ёде аз ворисони шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ кунем. Ҷустуҷӯҳо самара дод. Чаҳор фарзанди ӯ – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло номбардори падаранд.

Хабари баъдӣ ин буд, ки Гев дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш буд, вале дар ҳолати  сангин ба як бемористони Маскав интиқол ёфтт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ писари ӯ ва ҳунарманди маъруфи ҷаз дар Русия Феликс Лоҳутӣ хабар дод. Ӯ аз ифшои маризии падараш - Гев Лоҳутии 78-сола худдорӣ кард ва фақат гуфт, табибон субҳи рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ ниёз нест, вале ӯ бояд ҳадди аққал чаҳор-панҷ рӯзи дигар дар бемористон бимонад. «Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад», мегӯяд Феликс.Абулқосим Лоҳутӣ (1887-1957), шоири маъруфи эронитабор ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, ки баъд аз фирор аз Эрон тайи даҳ сол дар Тоҷикистон дар мақомҳои баланди давлативу ҳизбӣ кор мекард ва чанд муддат хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Душанбе  ҳам буд, аз соли 1934, баъди котиби Иттифоқи нависандагони Иттиҳодияи Шӯравӣ интихоб шуданаш, дар Маскав ба сар мебурд. Чаҳор фарзанди ӯ – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло дар ҳамин шаҳр чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Шоири бузурги тоҷик дар оромгоҳи Новодевичие дар Маскав макони охират пайдо кардааст. Чанд сол пеш сару садоҳое дар бораи имкони ба Тоҷикистон бурдани турбати ӯ баланд шуд, аммо бо кадом далеле ин кор сурат нагирифт, шояд ба он хотир, ки тақрибан ҳама пайвандони шоири бузург дар Маскав зиндагӣ мекунанд.

Аз сулолаи Лоҳутӣ дар расонаҳо чун «хонаводаи бузурги зиёиёни муосири Русия» ном бурда мешавад. Далер Лоҳутӣ, писари бузурги устод Лоҳутӣ, дар ҳоле, ки аз бемории бародараш сахт ошуфта буд, дар сӯҳбат гуфт, муҳаббату самимияте, ки миёни ҳама фарзандону пайвандони шоири бузург даҳсолаҳо боз пойбарҷост – аз волидон, қабл аз ҳама, аз падар ба мерос мондааст. «Падарам беҳтарин инсон аз ҳамаи онҳое буд, ки дар тӯли ҳаётам мешинохтаму мешиносам. Ҳамаи онҳое, ки падарамро мешинохтанд, ӯро одами хуб мехонданд ва ба ӯ муносибати хуб доштанд, албатта, агар худи онҳо одамони хуб мебуданд».

"ЛОҲУТӢ АЙНИРО АЗ ГУМНОМӢ НАҶОТ ДОД"

Далер Лоҳутии 81-сола, ки донишманди маъруф, доктори илмҳои техникӣ ва профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия аст, мегӯяд, ки гоҳо андешаи навиштаи ёддоштҳо дар бораи падар пайдо мешуд, аммо ҳамеша камбуди вақт монеъ мешуд. "Вале навиштани китобе, ки аз он ҳама розӣ боқӣ монанд, саҳл нест, зеро падарам дар айёми душвору печидае зиндагӣ мекард". Гуфта мешавад, ки афроди гуногун дар бораи дӯстии шахсии Абулқосим Лоҳутӣ бо раҳбари вақти СССР Иосиф Сталин назарҳои гуногун доранд, ҳарчанд бисёриҳо мутмаинанд, ки шоири тоҷик аз ҷумла дар назди Сталин аз шоири он солҳо зери фишору таъқиб Осип Манделштам пуштибонӣ карда буд.

Ба навиштаи академик Муҳаммад Осимӣ, маҳз тавассути дӯстӣ бо Сталин, Серго Орҷоникидзе, Климентий Ворошилов ва дигар раҳбарони вақти Шӯравӣ, Абулқосим Лоҳутӣ поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро аз ҳамлаву тӯҳматҳои бешумори душманонаш дифоъ кард. «Лоҳутӣ Айниро аз шиканҷаву гумномӣ наҷот дод ва номи неки ӯро ҳифз намуд. Агар дахолати ҷасуронаи Лоҳутӣ намебуд, кӣ медонад, ки Айниро чӣ сарнавиште интизор буд», навиштааст академик Муҳаммад Осимӣ. Далер Лоҳутӣ мегӯяд, ки ин гуна намунаҳо фаровонанд, аммо аз сӯи ҳар кас ба таври хос қабул мешаванд ва аз ин рӯ навиштани китоб дар бораи он солҳо мушкил аст. «Аммо агар умр вафо кунад, шояд ин китобро нависам», мегӯяд фарзанди бузурги шоири маъруф.

Далер Лоҳутӣ мегӯяд, ки бори ахир соли 1987, рӯзҳои таҷлил аз садсолагии падараш ба Душанбе рафта буд, баъд дигар имкони муносиб пайдо нашуд, «ҳоло бошад роҳ барои ман хеле дур аст». «Дар Маскав ҳам бо нафаре аз зиёиёни тоҷик робита надорам… Солҳои пеш бо фарзандони устод Айнӣ, аз ҷумла, бо Камол рафтуомад доштем, мо ба назди онҳо ба Душанбе меҳмонӣ мерафтем», мегӯяд Далер Лоҳутӣ.

НАБЕРАИ ЛОҲУТӢ - ТАРҶУМОНИ "ҲАРРӢ ПОТТЕР"

Ин донишманд иқрор мекунад, ки фарзандонашон бо фарҳанги Эрону Тоҷикистон тақрибан пайванде надоранд, ҳамаи онҳо дар Русия ба дунё омадаанду русиягӣ шудаанд. «Аммо чун одамони зиёӣ решаҳои худро медонанд ва ба ин фарҳанг таваҷҷӯҳ мекунанд ва аммо дар чаҳорчӯби таваҷҷӯҳ ба фарҳанги ҷаҳонӣ». Аз сулолаи Лоҳутӣ фақат Лайло, духтари шоири маъруф, ба пажӯҳиши адабиёти форсу тоҷик машғул аст. Ӯ корманди бахши ёдгориҳои хаттии мардуми Шарқи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Русия аст ва таҳқиқоташ ба шарҳи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ рабт дорад. Ӯ ҳамчунин ба тарҷумаи достонҳои сӯфиёнаи Фаридаддини Аттор машғул аст ва қиссаву ҳикояҳои адиби муосири Эрон Иброҳим Гулистонро ба забони русӣ баргардон кардааст.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все