Нахустин рӯзи намоиши филми кумедии "Сафари ҳавоӣ" бо ширкати ҳунармандон ва дӯстдорони синемо дар толори Абдураҳмони Ҷомӣ дар маркази шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳунарпешагоне, ки нақшҳои аслии филмро иҷро карданд, низ рӯи саҳна ҳозир шуда буданд. Намоиши филм баъд аз зуҳри рӯзи якшанбеи 15 феврал пас аз суханронии кӯтоҳи Далер Раҳматов, коргардон, ва Акмал Саидов, таҳиякунандаи он, оғоз шуд.

 

Достони филм

Достони ин филми кумедӣ дар яке аз рустоҳои кӯҳистонии Тоҷикистон, ки Сафар Булбулов, қаҳрамони аслии филм ба сар мебарад, ҷараён дорад.

Сафар рӯзе машғули чупонӣ буд, ки болуне ҳавоӣ дар назди русто ба замин фурӯд меояд ва Сафар дар дохили он фарди беҳушеро пайдо мекунад.

Жон, як фаронсавӣ ва аз мухлисони Жул Верн, нависандаи фаронсавӣ, аст, ки қасд дошта бо болун сайёраи Заминро давр бизанад. Жон шабеҳи Сафар аст.

Ин марди фаронсавӣ дар ватанаш бо хиёнати дӯстдухтараш рӯбарӯ шуда ва манзили маскунии худро мефурӯшад ва дар изои он болуни ҳавоиро харидорӣ мекунад.

Аммо замоне, ки Сафар мехост ба Жон кумак кунад ва машғули пайдо кардани об дар дохили сабади болун буд, болун ба ҳаво парвоз карда ва Сафарро бо худ мебарад.

Болун Сафарро ба се кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон - Чин, Қирғизистон ва Афғонистон мебарад, аммо Жон, ки мардуми русто ӯро Сафар мепиндоранд, саргузаштҳоеро дар русто мегузаронад.

Ҳатто холаи Сафар намефаҳмад, ки Жон Сафар набуда, балки як табаъаи хориҷист, ки тасодуфан ба русто омадааст.

Сокинони русто бар ин ақидаанд, ки Сафар аз нерӯи барқ осеб дида ва дар тӯли чанд соъат забони фаронсавиро аз худ кардааст. Дар поёни филм Сафар ва Жон бо ҳам дӯст мешаванд ва Жон ба Сафар барои сафари ӯ ба Қирғизистон кумак мекунад.

Қаҳрамонони филм

Асад Голубев, иҷрокунандаи нақши қаҳрамони аслии филм, Сафар ва Жон, ҳунарманде ҳирфаӣ нест ва ин нақши нахустинаш дар синемо аст.

Вай мегӯяд, ки барои иҷрои ин нақш вай бештар кӯшидааст, ки аз ҳунармандони ҳирфаӣ сабақ омӯзад.

Дар филми ҷадид дар канори оқои Голубев ҳунармандони ҳирфаӣ нақши қаҳрамононеро иҷро кардаанд. Нақши холаи Сафарро Нисо Муҳаммадҷонова, ҳунарманди маъруфи теотр, иҷро кардааст.

Ҳамчунин, Асадбек Назриев, Аловиддин Абдуллоев, Қурбони Собир, Насриддин Нуриддинов, Раҳмондӯст Қурбониён, Лутфулло Давлатов, Зулфия Содиқова ва Ҷумъахон Сироҷев аз ҳунармандони умдаи теотр ва синемои тоҷик ҳастанд, ки нақшҳои қаҳрамононеро дар ин филм иҷро кардаанд.

Мадина Назарамонова, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, нақши Ситора, қаҳрамони ҷавони филмро иҷро кардааст.

Гуландом Муҳаббатова, Далер Раҳматов ва Улуғбек Содиқов достони филмро навиштаанд ва Иқбол Завқибеков мусиқии онро таҳия кардааст. Наворбардори филм Шуҳрат Қарбонов буда ва Далер Миҳтоҷов рассоми “Сафари ҳавоӣ ” аст.

Филми кумедии “Сафари ҳавоӣ” дар истудиюи “Тоҷикфилм” ва истудиюи мавсум ба “Art-Vision” таҳия шудааст.

Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барои сабти садо ба забони фаронсавӣ кумак кардааст.

Ҳунаршиносон мегӯянд, ки филми “Сафари ҳавоӣ” тибқи истондордҳои байналмилалии ҳунари филмсозӣ ва дар навори синемо таҳия шудааст.

Ба гуфтаи иддае аз онҳо, ин беҳтарин филми кумедӣ дар як даҳаи ахир дар Тоҷикистон аст ва имкон дорад ба ҷашнвораҳои байналмилалии синемо пешниҳод шавад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все