20-уми январ дар Маскав бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Русия  нахустнамоиши филми мустанади коргардони шинохтаи тоҷик Сафарбеки Солеҳ “Комил” баргузор шуд. Филми “Комил” аввалин талоши синамогарони тоҷик бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ ва суҳбатҳо бо шахсони маъруф кушодани ҷанбаҳои номушаххаси яке аз маъруфтарин ҳунармандони тоҷик Комил Ёрматов мебошад.

 

Моҳи сентябри соли гузашта дар остонаи нахустнамоиши “Комил” дар ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” Сафарбеки Солеҳ дар суҳбат бо ТojNews гуфта буд, ки “ҳудудан 36 соат мавод дар Тошканд, Маскаву Душанбе, Санкт-Петербургу Хуҷанд, Конибодому Ню-Йорк филмбардорӣ кардаам. Комил Ёрматов аввалин нафаре буд ки дар аввали асри бист таҳсилоти ҳирфаии синаморо дар Маскав назди Сергей Эйзенштейн анҷом дод. Филми аввалини мукаммали ҳунарии ӯ беҳтарин филми соли 1932 Шўравӣ маҳсуб шуд, иттифоқан ин охирин филми бесадо. Ӯ ҳам муаллиф, ҳам коргардон ва ҳам иҷрокунандаи нақши асосӣ буд. Аввалин бор дар ин филм София Тўйбоева низ нақш офариданд ва ҷоизаҳои роиҷи он замонро бо шумули соатҳои тиллоӣ соҳиб шуданд”.   

 Дар нахустнамоиш “Комил” намояндагони корпусҳои дипломатии Маскав, зиёиён, олимон, намояндагони диаспораҳои тоҷику ӯзбак ширкат карданд. 

 Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав филми Сафарбеки Солеҳ аз ҷониби Президенти Академияи Авруосиёии телевизион ва радио Валерий Рузин баҳои баланд гирифтааст ва худи коргардон барои ширкат дар лоиҳаи телевизионии байналмилалии “Лики Евразии”, ки сохтани силсилафилҳои мустанад дар бораи одамон ва рӯйдодҳои муҳимро пешбинӣ мекунад, даъват шудааст.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все