Нигоҳдориву ҳифзи осори хаттӣ аз гиромидошти арзишҳои миллӣ нишон буда, таваҷҷуҳ ба ин масъала тайи солҳои охир афзун гардидааст. Фаъолияти осорхонаи китоб дар бинои Китобхонаи миллӣ маҳз ба ҳамин равона гардида, осори қадимаи дастхатшударо аз асри 13 инҷониб маҳфуз доштааст.

Дар китобхонаи миллӣ феълан аз миёни беш аз 3000 ҳазор дастхат ва китобҳои чопи сангӣ, ки аз асри 13 инҷониб то ба дасти мо расидаанд, 100 адади онро дар минбар гунҷоиш додаанд, ки намунаи барҷастаи асолати тамаддуни миллат аст. Аз ҷумлаи дурдонаҳои маданияти тоҷикон «Таърихи Табарӣ»-и Ат-Табарӣ , китобати асри 13, «Таърихи наршахӣ», «Рисолат-ул-азҳавия»-и Абӯалӣ ибни Сино, китобати асри 14, «Шоҳнома»- Абулқосим Фирдавсӣ, асарҳои ҷуғрофии асри 15 китобатшудаи Насируддини Тӯсӣ, маҷмӯан китобҳои калонҳаҷм ва ҳатто китоби Қуръони карим, ки ҳаҷман хурдтарин, бо вазни 1,6 грамм вазнро доро аст ва дигар дастхатҳои нодире, ки қариб ҳамаи соҳаҳои илму фарҳангро дар бар мегирад, дар хазинаи шуъбаи дастнависҳои Шарқ маҳфуз аст. Дар айни ҳол омӯзишу таҳқиқоти китобҳо идома дорад ва мутахассисони соҳа барои фаҳмову возеҳ ба хонанда расонидани ин осори гаронбаҳо корҳои муҳимро ба сомон мерасонанд. Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо олимону донишмандони хориҷӣ корҳои таҳқиқотӣ гузаронида мешавад. Дар деворҳои осорхонаи китоб саҳифаҳоро аз ин китобҳои нодир наққошӣ кардаанд, ки бо санъати минятюра ва ҳуруфоти форсӣ пораҳо оварда шудаанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все