djudoДар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсат иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои оммавӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ дар ин давра аз ҷониби бахши варзиш ва сайёҳии Раёсат 32 чемпионатҳо ва мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ аз руйи намудҳои гуногун гузаронида шудаанд. Аз ин микдор дар самти варзиши касбӣ 24, дар самти варзиши оммавӣ 4 ва дар самти федератсияҳои намудҳои варзиш 4 чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дастаҳои яккачини вилояти Суғд аз руйи намудҳои варзиш дар 30 мусобиқаҳои сатҳашон гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок намудаанд. Ба иттилоои масъулин варзишгарони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 23 мусобиқаҳои сатҳи мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд. Дар нимсолаи авали соли равон варзишгарони вилояти Суғд бо дарназардошти иштирок дар чемпионат, мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ аз руи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ 1558 медал, аз ҷумла 486 медали тилло, 501 нуқра ва 571 биринҷӣ сазовор гаштаанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все