Расул Боқиев, паҳлавони номовари тоҷик, медали тилои мусобиқаи қаҳрамонҳои гуштии дзюдо миёни неруҳои Вазорати дохилаи Русияро ба даст овард.

Боқиев дар ин қувваозмоӣ дар вазни 81 кг бар ҳарифонаш дастболо шудааст.
Расул Боқиев яке аз паҳлавонҳои варзидаи гуштии дзюдо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон буда, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин нишони биринҷиро ба худ ихтисос дод, ки нахустин нишони олимпии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Ҳоло Расул Боқиев бо иллати набуди шароити мусоид барои тамрин ва кор дар Тоҷикистон, дар Русия умр ба сар мебарад ва шаҳрвандии он кишварро дорад.
Гуфта мешавад, Боқиев корманди Вазорати корҳои дохилии Русия буда, онҷо ба тамрин ва омӯзиши ин риштаи варзиш машғул аст ва дар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ Русияро намояндагӣ мекунад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все