Қарор аст дар як ҳафтаи ояндаи шабакаи иҷтимоии Твиттер тасвири видеоии худро роҳандозӣ кунад. Қаблан ин шабака эълон карда буд, ки бахши худии тасвириро дар ним солаи аввали соли 2015 ба роҳ мемонад. Аммо ба назар мерасад сервиси ҷаҳонии Твиттер имкони бештаре ёфт, то дар тарҳи эълоншудаи худ таҷдиди назар кунад.

Намояндагони ширкат аз шарҳи бештар дар ин замина худдорӣ кардаанд, вале хабарнигорон мегӯянд эҳтимол дорад хизматрасонии нав шабеҳи барномаҳои мобилии Vine бошад, ки Twitter ҳанӯз соли 2012 харидорӣ карда буд.

Ҳамин тариқ сервиси ҳанӯз беном баъзе мушаххасоти худро хоҳад дошт, ки шабакаҳои дигар аз он бебаҳраанд. Аз ҷумла метавонад вазифаҳои такмилу ихтисор дар навор, ҳамчунин имкониятҳои бевосита аз истифода хориҷ кардан ва ё дубора ҷобаҷо кардан аз камераи телефони ҳамроҳро дошта бошад. 

Сервиси нави Twitter метавонад тамоми абзори лозим барои рақобат бо YouTube ва дигар видеохостингҳоро дарёфт кунад. Аммо дар марҳилаи аввал вай бо Vine метавонад рақобат дошта бошад, на бо YouTube. Далели ин маҳдудияти давомнокии видеофайлҳо мебошад, ки на 10 дақиқа, чуноне пештар эълон шуда буд, балки 20 сония идома мекунанд.

Ҳадафи аслии бунёдгузорони Twitter он аст, ки тадриҷан теъдоди истифодабарандагонашонро аз тариқи таъсиси микроблогҳо ва табодули видео афзоиш диҳанд. Ин иқдомест, ки шабакаи иҷтимоии Facebook амалан ва хеле дилпурона татбиқ мекунад.

Сервиси нави тасвирӣ дар таърихи ин шабакаи иҷтимоӣ беназир хоҳад буд. Зеро вақтҳои охир ин ширкат аз ҷониби муштариёнаш ба хеле суст нав кардани хизматрасониҳо гунаҳгор дониста мешуд. Ба назар мерасад сар аз соли нав бо ворид кардани аввалин навгонӣ дар пахши тасвирҳои зинда Твиттер мехоҳад бо дигар шабакаҳо ба рақобати созанда пардозад.  

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все