Ширкати автомобилсозии «Тойота»-и Япония соли 2014-ум аз ҷиҳати истеҳсоли мошин дар ҷаҳон мақоми аввалро ишғол намуд. Ин маротибаи сеюм аст, ки ширкати мазкур ба ин комёбӣ мушарраф мешавад. Ширкати «Тойота» дар соли 2014-ум беш аз 10 миллиону 230 ҳазор автомобили истеҳсоли коргоҳашро фурӯхтааст, ки ин теъдод нишондоди бесобиқа ба шумор меравад. Ҳамчунин дар муқоиса бо соли 2013-ум фурӯши мошинҳо 3 дарсад афзоиш ёфт. Аммо аз сабаби коҳиш ёфтани талабот дар кишварҳои мутараққӣ, эҳтимол меравад, ки соли равон фурӯши автомобилҳои ширкати «Тойота» то 1 дарсад кам мезанад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки эҳтимол дар соли равон фурӯши мошинҳои ширкати «Волсваген» афзоиш хоҳад ёфт. Зеро коргоҳи мазкур соли гузашта фурӯши мошинҳои худро то 4,2 дарсад боло бурда буд. 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все