Ширкати Сони дар солҳои гузашта нишондод, ки алоқаи зиёде ба муаррафии телефонҳои эксперия С3 метавон дар ҳамин замина ном барад аммо акнун Сони смартфони қудратмандтаре бо номи эксперия С4 ро пешниҳод кардааст.

Қарор аст дар як ҳафтаи ояндаи шабакаи иҷтимоии Твиттер тасвири видеоии худро роҳандозӣ кунад. Қаблан ин шабака эълон карда буд, ки бахши худии тасвириро дар ним солаи аввали соли 2015 ба роҳ мемонад. Аммо ба назар мерасад сервиси ҷаҳонии Твиттер имкони бештаре ёфт, то дар тарҳи эълоншудаи худ таҷдиди назар кунад.

Ширкати «Майкрософт»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таркиби амалиётии «Виндовс 10»-ро барои муштариёни худ пешниҳод намуд. Ба гуфтаи роҳбари шуъбаи таҳияву тадвини ин амалиёти ҷадид Терри Майерсон истифодабарандагони «Виндовс7-8 ва 8-1» баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш метавонанд аз он тайи як сол ройгон кор бигиранд. Интизор меравад, ки намуди нави хидматгузорӣ охирҳои соли 2015-ум мавриди истифода қарор дода мешавад. Яке аз барномаҳои асосии таркиби мазкур ёвари овозии «Кортана» мебошад, ки имконияти ба зудтарин фурсат пайдо намудани маводи лозимаро фароҳам меорад. Ҳамчунин барномаи «Контана» фармонҳои гуногуни истифодабарандагонро иҷро менамояд. Яке аз вижагиҳои асосии барнома ин дар реҷаи браузерӣ гузоштани қайдҳои махсус дар саҳифаҳо ба шумор меравад. 

Ширкати автомобилсозии «Тойота»-и Япония соли 2014-ум аз ҷиҳати истеҳсоли мошин дар ҷаҳон мақоми аввалро ишғол намуд. Ин маротибаи сеюм аст, ки ширкати мазкур ба ин комёбӣ мушарраф мешавад. Ширкати «Тойота» дар соли 2014-ум беш аз 10 миллиону 230 ҳазор автомобили истеҳсоли коргоҳашро фурӯхтааст, ки ин теъдод нишондоди бесобиқа ба шумор меравад. Ҳамчунин дар муқоиса бо соли 2013-ум фурӯши мошинҳо 3 дарсад афзоиш ёфт. Аммо аз сабаби коҳиш ёфтани талабот дар кишварҳои мутараққӣ, эҳтимол меравад, ки соли равон фурӯши автомобилҳои ширкати «Тойота» то 1 дарсад кам мезанад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки эҳтимол дар соли равон фурӯши мошинҳои ширкати «Волсваген» афзоиш хоҳад ёфт. Зеро коргоҳи мазкур соли гузашта фурӯши мошинҳои худро то 4,2 дарсад боло бурда буд. 

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все