Хабаргузориҳо ба нақл аз хабаргузории русии Итортос гузориш кардаанд, ки ин кишвар ба Эрон пешниҳод дода системи зидимушакии "Антей-2500"-ро ба ҷои сомонаи дифоъи мушакии С - 300 ба Эрон таҳвил бидиҳад.

Бар асоси ин гузориш ба нақл аз як мақоми русӣ гуфта шуда, ки "мо пешниҳоди таҳвили Антей -2500-ро ба ҷоии С-300 додаем. То кунун онҳо (эрониҳо) тасмиме дар ин бора нагирифтаанд."

Қарордоди фурӯши сомонаи дифоъи мушакии С-300 дар соли 2005 миёни Эрон ва Русия имзо шуд.

Дар ҷараёни сафари моҳи гузаштаи артишбуд Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ба Эрон вузарои дифоъи ду кишвар мувофиқатномаи ҳамкориҳои дифоъӣ – низомӣ имзо ва бар ҳаллу фасли мавзуъи сомонаи дифоъи мушакии С-300 таъкид карданд.
Моҷарои С-300 чист?

Русия дар ҳудуди 5 соли пеш аз таҳвили сомонаи мушакии С-300 ба Эрон худдорӣ кард.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ин кишвар гуфта буд, ки кишвараш бар асоси қатъномаи 1929 Шурои Амният наметавонад ба қарордоди таҳвили мушакҳои С-300 ба Эрон амал кунад.

Сомонаи С-300 дар замоне ки Эрон қарордоди хариди онро бо Русия ба имзо расонд, яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоии сохти Русия буд. Ин мушак метавонад 100 ҳадафро дар осмон радёбӣ кунад. Ҷиддитарин навъи ин мушакҳо байни 300 то 195 килуметр бурд доранд ва метавонанд ҳавопаймо ва мушакҳои болистикро аз фосилаи 10 метр то 27 килуметрӣ аз замин ҳадаф қарор диҳанд.

Қатъномаи мусавваби Шурои Амният дар канори таҳримҳои тиҷорӣ, молӣ ва фаннии дигар фурӯши анвоъи аслиҳаи сангин ба Эронро низ мамнуъ кардааст. Мақомҳои эронӣ таъкид доштаанд, ки сомонаи С-300 ҷанбаи дифоъӣ дорад ва машмули таҳримҳои Созмони Милал намешаванд. Эрон бо ибрози нохурсандӣ аз тасмими Русия дар худдорӣ аз таҳвили С-300 аз шикоят дар ин замина ва талош барои дарёфти ғаромат хабар дода буд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все