Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, аз ҳамтои омрикоии худ ба хотири ин ки нисбат ба кушта шудани се мусалмон дар Омрико вокунише нишон надода, интиқод кардааст. Рӯзи сешанбе аҷсоди се донишҷӯи мусалмон, ки дар асари исобати гулӯла ба сарашон кушта шуда буданд, дар як муҷтамаъи опортумонӣ дар шаҳри Чапел Ҳили иёлати Корулинои Шимолӣ ёфт шуд.

 

Оқои Ардуғон, ки барои дидори расмӣ ба Мекзик сафар карда, дар як нишасти хабарии муштарак бо раиси ҷумҳурии он кишвар бо ишора ба ин воқеъа гуфт, ки сукути Борок Убомо, раиси ҷумҳурӣ, Ҷӯ Бойден, муъовини ӯ, ва Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар мавриди ин воқеъа "пурмаъно" аст ва афзуд, ки мақомоти аршади омрикоӣ мебоист дар қиболи чунин ҳодисае мавзеъгирӣ мекарданд.

Раиси ҷумҳурии Туркия бо маҳкум кардани "касоне", ки муртакиби қатли ин се донишҷӯ шудаанд, гуфт: "Агар дар мувоҷеҳа бо чунин ҳодисае сукут ихтиёр кунед ва дар бораи он сухане нагӯед, ҷаҳониён ҳам нисбат ба шумо сукут ихтиёр хоҳанд кард."

Се фарде, ки рӯзи сешанбе кушта шуданд, Зиё Шодӣ Баракоти 23-сола, донишҷӯи риштаи дандонпизишкӣ, ҳамсараш Юсур Муҳаммад Абӯсолеҳаи 21-сола ва хоҳари ҳамсараш Разон Муҳаммади 19-сола буданд. Маросими ташйеъи ҷанозаи онон рӯзи гузашта бо ҳузури ҳазорон нафар дар Чапел Ҳил баргузор шуд. Ба гуфтаи манобеъи хабарӣ, вуқӯъи ин қатл сокинони Чапел Ҳилро башиддат такон додааст.

Бо интишори ахбори қатл дар Чапел Ҳил рӯзи чаҳоршанбе Кохи Сафед, дафтари риёсати ҷумҳурии Омрико, бо судури баёнияе гуфт, ки барои изҳори назар дар мавриди ин воқеъа дар интизори натиҷаи таҳқиқот перомуни ангезаи қатл аст.

Дар маросими ташйеъи аҷсоди ин се нафар падари Юсур ва Разон гуфт, ки ду духтар ва домоди ӯ қурбонии "нафрати мазҳабӣ" шудаанд ва қотилро муттаҳам кард, ки ба хотири ақоиди динии ин се нафар ононро ба қатл расондааст. Пас аз интишори хабари қатли ин се нафар низ ба нақл аз бархе манобеъи пулиси маҳаллӣ гузориш шуд, ки эҳтимол дорад ангезаи қотил нафрати мазҳабӣ бошад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все