Эрон эълом карда, ки моҳвораи Фаҷрро ба унвони чаҳорумин моҳвораи бумӣ бомуваффақият дар мадори замин қарор додааст.Мақомоти Эрон мегӯянд, ки ин моҳвора нахустин моҳвораи сохти ин кишвар аст, ки қобилияти тағйири мадор дорад ва умри он бештар аз моҳвораҳои қаблӣ аст.

 

Моҳвораи Фаҷр дорои ҳазизи 250 килуметр ва авҷи 400 килуметр аст ва як солу ним дар фазо мемонад

Ба гуфтаи Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъи Эрон тамоми мароҳили "тарроҳӣ, сохт, тест ва насби" ин моҳвора ва моҳворабари он дар дохили кишвар анҷом шуда ва ба ин тартиб "заминаи вуруд ба бозори ҷаҳонии хадамоти фазоӣ" фароҳам шудааст.

Ӯ ҳамчунин "тарроҳии маъмуриятҳои печидаи фазоӣ"-ро аз дастовардҳои тарроҳӣ, сохт ва партоби моҳвораи Фаҷр зикр кард.

Партоби моҳвораи Фаҷр дар се соли гузашта чанд бор ба таъвиқ афтод ва иллати ин таъвиқ сохти "микрумутурҳои хос" унвон шуд.

Эрон мегӯяд, ки моҳвораи Фаҷр бо се моҳворае, ки қаблан дар мадор қарор гирифта (моҳвораҳои Умед, Расад ва Навид) тафовути асосӣ дорад чун бо истифода аз ин микрумутурҳо метавонад мадори худро тағйир диҳад ва аз мадори 250 то 450 килуметри байзавӣ ба мадори 450 килуметри доираӣ биравад.

Моҳвораи Фаҷр, ки мудели пешрафтатари моҳвораи Умед аст, 50 килугром вазн ва қобилиятҳои як "родори ҳирфаӣ"-ро дорад ва аз селулҳоии хуршедӣ барои шоржи ботрӣ ва тавлиди тавон ва қароргирӣ дар мадори болотар истифода мекунад.

Маъмурияти ин моҳвора интиқоли мадорӣ, аксбардорӣ (бо қобилияти тафкики 1000 то 500 метр) барои нақшабардорӣ ва ҳавошиносӣ ва маъмуриятҳои таҳқиқотӣ унвон шудааст.

Маҳдудияти мушакҳои ҳомилҳои моҳвораи Эрон боис шуда танҳо имкони қарор додани моҳвора дар мадори пойин вуҷуд дошта бошад.

Аммо моҳвораи Фаҷр ба кумаки ронишгари гози сард метавонад иртифоъи худро афзоиш диҳад ва дар мадори болотаре мустақар шавад.

Ба ин тартиб ҳазинаи партоб (ба нисбати қарор додани моҳвора дар мадори болотар ба сурати мустақим) коҳиш меёбад ва мондагории моҳвора дар фазо афзоиш пайдо мекунад ва аз ҳудуди 3 моҳ (дар моҳвораҳои қаблӣ) ба як солу ним мерасад.

Моҳвораи Фаҷрро моҳворабари сафири Фаҷр (1-Б) дар мадор қарор дода, ки қобилияти ҳамли моҳвораро то вазни 50 килугром дар мадори байзавии 300-450 килуметр дорад.

Созмони фазоии Эрон эълом карда, ки партоби моҳвораҳои "От сет , "Шариф сет" , "Тулуъ" ва "Зафар" низ дар дастури кор қарор дорад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все