Яке аз ёдгориҳои таърихии Мисри бостон маъруф бо номи «Сфинкс»,

баъди таъмиру тармим бори дигар ба хидмати сайёҳону дӯстдорони мероси гузаштаи кишвар гузошта шуд. Ин макони таърихӣ муддати чанд моҳи ахир мавриди шикасту рехт қарор дошта, барои роғибони он дастнорас буд. Зимни корҳои таъмирӣ оромгоҳи фиръавн Оминхутепи-2 низ мавриди бозсозию таҷдид қарор гирифт. Акнун сайёҳон метавонанд бо таърихи чандҳазорсолаи ин хитта ошно шаванд. Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихии «Сфинкс» ва дигар минтақаҳои таърихии кишвар бо шумули аҳромҳо мувофиқи реҷа баъди ҳар даҳсола ба таъмиру тармим ниёз пайдо мекунанд. Тибқи маълумоти бостоншиносон яке аз нигораҳои таъмиршуда ба қарни 14-и қабл аз мелод тааллуқ дорад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все