Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд бо Федератсияи чавгони Эрон ба тавоффуқ расидаанд, ки ин кишвар барои эҳёи бозии суннатии тоҷикон ба таври ройгон мусоидат кунад.Аллакай, гурӯҳи 8 нафара аз вилояти Суғд барои омӯзиши варзиши бостонии чавгон Эрон рафтаанд.

 Рӯзи душанбе, 12-уми январ маросими ифтитоҳи ин давраи омӯзишӣ бо ширкати раиси Федератсияи чавгони Эрон, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва Сафири Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифт.

Масъуди Аҳмадванд, вобастаи фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд эълон кард, ки зимни сафари Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба Эрон барои эҳёи ин намуди варзиш бо Федератсияи чавгони Эрон тавоффуқ кардаанд.

Ба дунболаи ин тавофуқоти дуҷониба як гурӯҳи 8 нафара аз саворкорони (човандозон)-и моҳири вилояти Суғд ба унвони аввалин чавгонбозони Тоҷикистон барои омӯхтани ин варзиш ба Эрон сафар карданд, - мегӯяд ин масъули сафорат.

Гурӯҳи ҳаштнафари чавгонбозони Суғд  муддати 45 рӯз, аз ҷониби мураббиёни чавгон дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯзишҳои лозимаро фаро хоҳанд гирифт ва пас аз бозгашт низ як мурабии эронӣ аз сӯи Федератсияи чавгони Эрон дар Хуҷанд бо ҷавонҳои тоҷик тамринро идома медиҳад.

Аҳмадванд ҳамчунин таъкид кард: “Лозим ба зикр аст, бо вуҷуди ин ки варзиши чавгон як варзиши бисёр ҳазинабар ва гаронқимат аст, тамоми маблағҳои ин иқдом монанди омӯзиш, омода кардани асбҳо, иқомат ва пазироӣ барои саворкорони вилояти Суғд ба сурати ройгон анҷом хоҳад шуд.”

Чавгон бозии суннатии ашрофзодагони форсу тоҷик мебошад. Моҳи декабри соли 2013 на бо ташаббуси меросбарони ин бозӣ, балки бо пешниҳоди Озарбойҷон ба феҳрести мероси фарҳангии маънавии ҷаҳон ворид гардид. Кумитаи мероси ЮНЕСКО (Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ) ба номи ҷумҳурии Озарбойҷон ин намуди варзишро таҳти унвони “Чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ" дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО сабт кард.

Дар пайи ин як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба дархости вазорати фарҳанги Озарбойҷон дар бораи мероси фарҳанги озарӣ номнавис шудани бозии "Чавгон" дар феҳрасти мероси ҷаҳонӣ ба директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова муроҷиат кардаанд.  

Он вақт Абулфас Гараев, вазири фарҳанг ва сайёҳии Озорбойҷон бо хушнудӣ эълон дошт, ки “ин як рӯйдоди муҳим дар таърих ва фарҳанги Озобойҷон мебошад. Чавгон, бозии маъмулу шинохта дар Озорбойҷонро минбаъд ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз хоҳад кард”.

Олимон ва зиёиёни тоҷик дар ин мактуб бо овардани далелҳои илмӣ ва таърихӣ аз ҷумла гуфтаанд,"бозии «Чавгон» ҳанӯз дар асрҳои II – III пеш аз мелод дар миёни ақвоми ҳиндуэронӣ, аз ҷумла тоҷикону порсҳо, ба таври густурда ривоҷ доштааст ва вожаи «чавгон» низ форсиву тоҷикӣ буда, ба забони туркӣ ва туркии озарӣ ҳеч пайванде надорад

Дар вокуниш ба зиёиёни тоҷик Восиф Аваззода, масъули равобити байналмилалии вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардии Озарбойҷон эълон дошт, ки чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ буда ва он дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои донишмандони тоҷик беасос аст.

Аваззода гуфт: “Роҳи баргашт вуҷуд надорад. Ҳар кишваре мехоҳад, ки ба ин бипайвандад, метавонад ба ЮНЕСКО муроҷиат кунад. Тоҷикистон на ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ба вазорати фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ муроҷиат накардааст”.

Юсуфшоҳ Яъқуб, таърихшиноси номии тоҷик соли 2013 дар Дарвоз аз мавҷудияти шаҳр-давлати бостонии Карон хабар дод. Бо ҳарфиётҳояш рӯи ин сафҳаи торики таърихи миллат равшанӣ андохт. Ва яке аз вижагиҳои шаҳри қадимаи Карон доштани майдони чавгон аст, ки дар ҳоли ҳозир қадимтарин майдон дар ОМ мебошад! 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все