umedАгар умед набошад, ҳеҷ мавҷуде талош ва кушиш намекунад ва агар умед набошад хеҷ модаре фарзандашро шир намедиҳад ва нороҳатиҳо ва ранҷҳоро барои парвариши ӯ таҳаммул намекунад ва агар умед дар руҳи инсон набуд хеҷ инсони дигареро дӯст намедошт ва муҳаббату талоши байни инсонҳо лаҳзае буду бас. Ҳазрати Расули Акрам (с) дар маврди ин сифати ҳаёти ва муҳим мефармоянд: умед ва орзу барои уммати ман раҳмат аст ва агар умеду орзу набуд, ҳеҷ модаре фарзандашро шир намедод ва ҳеҷ боғбоне ниҳоле намекошт.
Инсон дорои шуур, эҳсос ва рӯҳи латифу ҳақталаб мебошад, аз ин ру дар миёни махлуқот, танҳо уст, ки роҳи зиндагиашро интихоб мекунад ва ояндаи заррину равшане барои худ рақам мезанад ё асири шаҳват ва бадбахти мешавад.
Дар ин миён яке аз сифатҳое, ки хели муҳим аст барои идомаи ҳаёт инсон сифати умед аст.
Ин сифат нақши таъинкунандае дар ҳаёти саъодатмандонаи инсон дорад. Ин умед аст, ки идомаи ҳаёт ва зиндагии саршор аз талош ва кушиш барои ҳар мавҷуде аст.
Агар умед набошад, ҳеҷ мавҷуде талош ва кушиш намекунад ва агар умед набошад хеҷ модаре фарзандашро шир намедиҳад ва нороҳатиҳо ва ранҷҳоро барои парвариши ӯ таҳаммул намекунад ва агар умед дар руҳи инсон набуд хеҷ инсони дигареро дӯст намедошт ва муҳаббату талоши байни инсонҳо лаҳзае буду бас. Ҳазрати Расули Акрам (с) дар маврди ин сифати ҳаёти ва муҳим мефармоянд: умед ва орзӯ барои уммати ман раҳмат аст ва агар умеду орзу набуд, ҳеҷ модаре фарзандашро шир намедод ва ҳеҷ боғбоне ниҳоле намекошт.
Аз лиҳози равоншиносӣ ҳам собит шуда, ки афсурдатарин, шикастхурдатарин ва бемортарини инсонҳо, инсонҳои ноумед ҳастанд ва равонковӣ байни инсонҳо мегӯяд равони инсон пайваста бо умеди пайвандхӯрда аст, ки ганҷи беназир дар дарунаш аст ва ҳар лаҳза, ки умедашро аз даст бидиҳад, равонаш мурда аст.
Агар ҳар инсоне ба ин меандешид, ки дақиқае дигар мемирад ва зоҳиран тамом мешавад ва умеде ба ҷаҳони дигар ва оянда надошт, дигар ҳадаф ва ангезаи барои идомаи ҳаёт намедошт ва шояд яке аз розҳои махфӣ будани марги ҳар кас ва поёни умр ин аст, ки чароғи гаронбаҳо ва пурфуруғи умеду орзу дар дили инсонҳо хомуш нашавад ва пайваста барои лаҳзаҳо ва сооту солҳо ва умре беҳтар талош кунад ва умедвор бошад.
Умеди ишқ ба оянда ва рузҳои хуш, танҳо омилест, ки инсонро талошгару пурковиш сохтааст.
Таҳқиқан инсони ноумед на танҳо инсонҳои атрофашро дӯст намедорад, балки аз худ низ безор аст ва ба ин меандешад ки чаро мутаваллидшуда, барои чи ба ин ҷаҳон по гузошта ва ҳамин чароҳо ва чароҳои дигар гоҳе решаи куфр аст.
Агар инсон ба Худо ва кароматаш умедвор набуд, ҳаргиз наметавонист Худояшро парастиш кунад ва некукор бошад. Касе ки ба Худованд умедвор набошад, аз ӯ тарсе надорад ва монее барои гуноҳ кардан намебинад ва ҷаҳони бе умед ҷаҳони пасту пуч аст. Барои таҳарруки бештари гуруҳҳои иҷтимоии хонавода, бояд умедворӣ ва руҳияи муқобила бо шикасту талошро дар онон густариш дод.
Умед, ин борони ҳаётбахши сарзамини вуҷуди инсон аст, ки агар набошад инсон хаставу бемору ноумед ва саршор аз эҳсоси пучи ба зиндаги видоъ мекунад.Дар ҳоле ки метавонад бо умед ба ояндаи дурахшон ва биҳишти ризвон зиндагии ширине дошта бошад.
Худованди меҳрубон барои тамоми мавҷудоташ беҳтарин маслиҳатҳоро муқаддар доштааст.
Дар манобеи динӣ, ноумедӣ ба шиддат мавриди мазаммат қарор гирифта ва ҳатто мубталоёни ба он ба кофир таъбир шудаанд.
Эй писарони ман! Биравед ва аз Юсуфу бародараш ҷустуҷӯ кунед ва аз раҳмати худо ноумед мабошед, зеро ҷуз гурӯҳи кофирон касе аз раҳмати худо ноумед намешавад.
Чӣ гуна мумкин аст инсоне, ки қоил ба “ин тансурул-лоҳа янсурукум ва юсаббит ақдомакум“, “валазина ҷоҳаду фино ланаҳдияннаҳум субулано” ва … аст, дучори яъс ва ноумедӣ гардад, чун ки муъмин бояд вазифаи худро бишиносад ва амал кунад; ин амал ӯро ба натиҷаи матлуб бирасонад ё не.
Агар бихоҳем аз асари умед суҳбат кунем, муҳимтарин таъсири он эҷоди ангеза барои фаолият ва таҳарруки бештар ва қавитар аст. Ҳаракате ки бо умед ба оянда анҷом мешавад аз истиҳком, таъсир ва шури хосе бархурдор аст. Чӣ гуна мумкин аст бидуни вуҷуди умед дар ислоҳ ва беҳбуди вазъи мавҷуд, талош ва фаолияти муассир ба вуҷуд биёяд?
Дар канори матлаби гуфта шуда таваҷуҳи ин нукта зарурӣ аст: ҳамон қадре ки ноумед ба оянда метавонад хатарнок бошад, хушбинии беш аз ҳад ҳам дар ҷои худ хатарофарин аст.
Агар ноумедӣ ба сардӣ ва берамақӣ ва таҳаррук надоштан меанҷомад ва ангезаи талош ва кушишро аз байн мебарад, хушбинии беш аз ҳад низ эҳсоси ниёз ва вазифа барои фаолияти ҷиддиро аз байн хоҳад бурд.
Хушбинии беш аз ҳад метавонад инсонро ба ҷое расонад ки аз канори масоили асосии иҷтимоӣ ба содагӣ бигузарад ва аз анҷоми он чи ки ба уҳдаи ӯст ғофил шавад.
Ва масъалаи охир ин ки шояд гуфта шавад: дуруст аст, ки ҳадаф аз баёни дардҳо, дармон аст ва ҳатто бо умед ба беҳбуд аст, ки ин нақдҳо сурат мепазирад, гар чи ба сухан ба миён овардан аз ишколи мавҷуд ва бозгуии онҳо дар мухотаб иҷоди яъс хоҳад кард.
Дар ҷавоби чунин мантиқе бояд гуфт: Агар мусомиҳатан бипазирем, ки баёни муъзалот, яъс дар мухотабро ба дунбол дорад, оё иллати пайдоиши ин яъс, нишон додани ин муъзалот аст ва оё он чизест, ки ин дардҳоро ба вуҷуд оварда?
Оё барои хушкондани решаи чунин ба зоҳир ноумедӣ бояд ҷулуи баён ва ишораи бадонҳо ба манзури дармонро гирифт ва ё решаи эҷоди ин муъзалотро хушконд?
Оё бо чашм барҳам ниҳодан ва сар дар барф фуру кардан умед иҷод хоҳад шуд ва ё бар акс, авомили эҷоди ноумедӣ реша хоҳанд давонд?
Оё бояд ҷулуи гоми аввали мубориза бо муъзалотро гирифт ё авомили аслии эҷоди муъзалотро шиносоӣва бо онҳо муқобила кард?

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все