Занҳо одатан изҳор медоранд, ки рафтори мардҳо онҳоро то ҳадде сарсону саргардон мекунад ва ба дурустӣ наметавонанд ташхис диҳанд, ки мардҳо аз онҳо чӣ интизорҳое доранд. Онҳо аз ин ки наметавонанд мардҳоро розӣ нигаҳ доранд, андаке нороҳат ҳастанд.

Ҳамеша харидани ҳадя барои мардон мушкил бӯдааст. Бо расидани муносибатҳои мухталиф бо хӯд мегӯем: “ чи ҳадяе ба ӯ бидаҳем, то воқиъан дӯст дошта бошад ва хӯшаш биёяд?”
Агар шумо ҳамсареро доред, ки ҳар чизе ро ки бихоҳад дорад, боз ҳам бояд ҳангоми харидани ҳадя диққат кунед. Харидани ҳадя барои мардон махсусан чизе, ки воқеъан дӯст дошта бошанд кори мушкиле аст. Замоне ки эҳсос мекунед ҳеч ҳадяи хӯб барои шод кардани як мард надоред, ин нукот ба назари банда ба шумо кумак мекунад, ки аз назари равоншиносӣ ҳадя додан ба мардон огоҳ шавед ва ҳадя мунҳасир ба фард интихоб кунед.

Мардҳо ба ин нуктаҳо диққат кунанд!
Дунёи мардону занон дунёи бисёр мутафовите аст, он қадар мутафовит, ки баъзе, зану мардро ба мавҷудоте аз ду сайёраи мутафовит ташбеҳ мекунанд, ки забони якдигарро намефаҳманд. Касе мункири тафовутҳо нест, аммо ин тафовутҳо агар дарк шавад, бисёр кӯмаккунанда аст. Дар ин мақола каме роҷеъ ба рӯҳиёти занон сӯҳбат мекунем, мардон метавонанд бо хондани он ба ҳамсаронашон наздиктар шаванд.
Идроки занҳо ва мардҳо аз замон мутафовит аст

Аз он ҷое, ки дини Ислом ба унвони комилтарин дини илоҳӣ матраҳ аст ва ниёзмандиҳои башариро дар ҳар замоне ҷавобгӯст, нисбат ба издивоҷ ва конуни муқаддаси хонавода, ташвиқҳо ва тарғибҳои зиёде намуда аст, то ҷое ки байтулмолро яке аз абзорҳои расидан ба чунин ҳадафе қаламдод мекунад ва илова бар мавориди зарурӣ таклиф карда, то ҳокими ҳукумати исломӣ барои рафъи мӯъзали ҷавонон ва пешгирӣ аз афтодан дар вартаи инҳироф ва мафосиди иҷтимоӣ, аз байтулмоли мусалмонон истифода кунад.

Ибтидо мехоҳам ба ин матлаб назари гиромии хонандаи тоҷикро ҷалб намоям, ки оё боре шуда аст пеши худ посухи ин воқеияти талхро ёфта бошед, ки чаро як ҷавони тоҷик, ҳамин ки по ба сарзамини Русия мениҳад, (албатта рафтанаш шояд барои кор аст ва аз рўи ночорӣ), ошиқи дилбохтаи зани “зеборўи” русӣ шуда ва рўзу шаби хешро бо ў мегузаронад ва билкул ҳамсари гиромии худро, ки шўяшро дар Тоҷикистон мунтазир нишаста аст фаромўш мекунад? Ҳатто аҳёнан кор то ба ҷое мерасад, ки бо он зани “зеборўй” издивоҷ карда, дигар аслан зану фарзанду хонаводаи худро аз зеҳни “муборакаш” пок месозад?

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все