32Ин робита агар лаззат бахш, идомадор, муназзам ва ризоят бахш бошад, нақши басазоӣ дар қивому давоми зиндагии муштарак хоҳад дошт. Аммо боло бурдани кайфияти ин робита низ монанди ҳар маҳорати дигар ниёзманди омӯзиш, тамрин ва огоҳи аст.
Одоби интиқоди заношуи
Бисёре аз зану шавҳар бо вуҷуди алоқаи зиёде, ки ба ҳам дигар доранд дар бораи порае аз мавзуоти муртабит ба заношуӣ, ихтилофҳо ва ҳатто таорузҳое бо ҳамсари худ доранд вале аз тарси бадтар шудани авзоъ ва нороҳат шудани ҳамсарашон аслан чизе ба забон намеоваранду но худогоҳ ҳамин норизоятиро ба шеваҳои мухталиф дар рафтору гуфтори худ, ки зоҳиран но муртабит ба масалаҳои ҷинсӣ аст, нишон медиҳад ва бо ихтилофҳои худ доман мезананд бе онки ҳамсарашон решаи ин рафторҳоро бидонад. Ики зану шавҳар чи гуна бояд интиқодҳои ҷинсиро, ки душвортарин навъи интиқодҳо маҳсуб мешавад матраҳ кунанд мавзуе аст, ки дар сафҳаи саломати “хонаводаи намуна”и ин ҳафта ба он мепардозем.
1. Бо ҳамсаратон содиқ бошед
Зану шавҳар бояд комилан аз алоқа ба як дигар мутмаин бошанду барои ҳар ду собит шуда бошад, ки содиқона ва бо ҳамаи вуҷуд ба зиндагии муштараки худ пойбанданд ва барои ҳифзу таҳкими он талош мекунанд. Танҳо дар ин сурат аст, ки метавон мутмаин буд дарёфт кунандаи интиқодҳои ҷинсӣ, ҳамон паёмеро дарёфт хоҳад кард, ки ирсол кунандаи паём, дар назараш буда; яъне талош барои тафоҳуми бештар. Ҳам чунин зану шавҳар набояд аз баёни интиқоди ҷинсии худ ҳадафи ҷуз беҳбуди равобити заношуӣ дошта бошанд. Набояд интиқоди ҷинсӣ ба абзори барои интиқомҷуӣ ё султа талабӣ аз ҳамсар мубаддал шавад.
2. Аз интиқодҳои куллӣ ва мубҳам бипарҳезед
Баёни ҷумлаҳои аз ин даста, ки “робитаҳои мо хаста кунанда аст” ё “ ман норозиам” хейло ҷумлаҳои куллӣ аст ва табиатан ин нав гуфторҳо муносиб нест. Зану шавҳар бояд барои як дигар бисёр рез ва ҷузъӣ, мисдоқи мушкил ё мавридеро, ки нороҳат кунанда аст баён кунанд. Чун дар ин сурат аст, ки тарафи муқобил мутаваҷҷеҳ шавад аҳёнан чи чизеро бояд тағйир бидиҳад ё ислоҳ кунад.
3. Аз интиқодҳои номаъқул парҳез кунед
Интиқод бар пояи шунидаҳо, боварҳо ва тасаввурот, филмҳои мустаҳҷин, маҳвора ва иддиоҳои судҷуён низ бе поя ва бе натиҷа аст. Зану шавҳар бояд бар пояи шинохт аз тавоноиҳо ва истеъдодҳои як дигар аз ҳам таваққуъ дошта бошанд зеро танҳо дар ин сурат аст, ки метаваонанд аз зиндагии заношуи эҳсоси ризояти воқеи дошта бошанд.
4. Аз зоҳири як дигар интиқод накунед
Аз тарҳи интиқод дар бораи андоми таносулӣ, андоза ё қивом ва ранги он ва монанди инҳо парҳез кунед зеро ҳамсаратон мумкин аст бо ҷарроҳиҳое душвор ва паёпай ва пур ориза ҳам натавонад ба тағйироти дилхоҳ ва мавриди назари шумо даст ёбад.
5. Аз интиқодҳои омирона ва шуруъи ҷумалоти бо замири дуввум шахси муфрад парҳез кунед
Баёни ҷумалоти монанди инки “ ту бояд бифаҳми, ки….рафторҳои ту вақте, ки….фақат ба ташдиди ихтилофот доман мезанад. Ба ҷои ин гуна ҷумалот, беҳтар аст аз иборатҳое, ки паёми дилнишинтаре доранд истифода кунед: “ ман эҳсоси оромиш ва ризояти бештаре дорам вақте, ки …. ва монанди ин ҷумалот.
6. Аз интиқодҳои таҳқир кунанда ва таҳдид кунанда парҳез кунед
Ҷумалоти монанди “зиндагии мо ба охир расида… ту дигар тағйир намекунӣ… дигар идомаи ин зиндагӣ маъно надорад… ту аслан зан нестӣ…”ва монанди ин ҷумлаҳо фақат ба вайрон кардани роҳҳои эҳтимолӣ ва боқимондаи тафоҳум ва беҳбуди робитаҳои заношуи меанҷомад ва ҳеч суде дигаре надорад.
7. Аз интиқод дар замон ва макони номуносиб бипарҳезед
Замоне, ки сахт нороҳат ҳастед ва ихтилоф вуҷуд дорад ё замоне, ки ҳамсаратон аслан интизори шунидани ҷумлаҳои сардро надорад ё дар вақти як робитаи заношуӣ, тарҳи интиқод метавонад бисёр мухаррибу вайрон кунанда бошад ва натиҷаи бад дошта бошад.
8. Аз муқоиса бипарҳезед
Ҳаргиз ҳамсаратонро бо ҳамсари қаблӣ ё ҳамсари дигарон ё занон ва мардони дигар муқоиса накунед. Ин кор ҷуз кам шудани эътимод ба нафси ӯ ва лаҷоҷат ва суи зани ӯ ба шумо самари дигаре нахоҳад дошт. Зану шавҳар бояд бо шинохти комил аз як дигар дар бораи онче, ки дӯст медоранд бо ҳам суҳбат кунанд. Ва билохира нуктаи охир инки гоҳе вақтҳо ба ҷои истифода аз каломи интиқодӣ беҳтар аст амалан ва сурати рафторӣ, ончиро мехоҳанд иброз кунанду аз ин тариқ ба беҳбуди робитаҳои заношуиатон кумак кунед.

Манбаъ: Хонавода

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все