Дидгоҳи форматсионӣ ва тамаддунӣ дар таҳлили инкишофи ҷомеа

Ҳамин тавр агар андешаҳои дар боло зикршударо дар бораи қувваҳои ҳаракатдиҳандаи таърих ҷамъбаст намоем ба осонӣ метавонем мушоҳида намоем, ки аслан вобаста ба дарки ин масъала ду дидгоҳи назариявӣ вуҷуд дорад ва онҳоро таҳти унвони назарияи тамаддунӣ ва форматсионӣ баррасӣ менамоянд. Ин назарияҳо барои ҷудокунии ҷамъиятҳо ба навъҳои таърихӣ ва дарки хусусияти гузариши онҳо ба сифатҳои дигар хизмат менамоянд. Дар заминаи ҳар кадоме аз ин назарияҳо хусусиятҳои хоси ба навъҳои таърихӣ ҷудокунии ҷомеаҳо ва шарҳи гузариши онҳо аз як зинаи инкишоф ба зинаҳои дигар ташаккул ёфтаанд. Дар назарияи форматсионӣ ба сифати аломати муҳими ба навъҳои таърихӣ ҷудокунии ҷомеаҳо тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул шудааст. Яъне бо тағйир ёфтани тарзҳои истеҳсоли неъматҳои ҳаёти моддии одамон ҷомеаҳо аз як навъи форматсионӣ ба навъи дигари форматсия мегузаранд. Ҳамзамон форматсия дар шакли умумӣ ба сифати аломати таъйинкунандаи дараҷаи рушди прогрессивии ҷомеаи инсонӣ хизмат мекунад. Дар таълимоти ҷонибдорони ин назария истилоҳи форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба сифати мизони муайянкунандаи аз дараҷаҳои муайяни тараққиёт гузаштани ҷомеаҳо низ хизмат мекунад. Бинобар ҳамин ҳам мундариҷаи мафҳуми форматсияи иҷтимоию иқтисоди дар маҷмӯъ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиро дарбар мегирад ва алоқамандию сабабияти ҳамдигар будани онҳоро ифода менамояд. Дар ин замина инкишофи ҷомеа ба он асос меёбад, ки то кадом сатҳ он қудрати даст ёфтан ба қувваю равандҳои табииро дорад ва ин дар навбати худ таҷассумашро дар қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа меёбад. Шакли ҷамъиятии даст ёфтан ба қувваю равандҳои табиӣ дар намудҳои моликият ба воситаҳои асосии истеҳсолот зоҳир мешавад. Дар раванди инкишофи форматсия зиддиятҳои антагонистии байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ба миён меояд, ки боиси эҷоди заминаи объективии табдили як шакли рӯ ба заволи форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба шакли пешқадамтари он мегардад. ҳамин тавр табдили як шакли форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба шакли дигари он дар асоси қонунияти объективии таърихӣ ба амал меояд ва ин таври шарҳдиҳии намояндагони ин назария аз ҷараёни инкишофи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ онро бо методҳои илмҳои табиатшиносӣ наздик месозанд.

Назарияи мухолифи дидгоҳи форматсионӣ ин назарияи тамаддунӣ ба ҷараёни инкишофи ҷомеаҳои инсонӣ аст. Тамаддун дар заминаи донишҳои фалсафаи иҷтимоӣ яке аз воҳидҳои асосии замони таърихӣ дониста мешавад, ки худкифоягии ҳаёти халқу кишварҳоро вобаста ба иллатҳои иҷтимоию фарҳангӣ ифода менамояд. Тамаддун шабеҳи созвораи зинда буда, ибтидою мақтаъи пайраҳаи паймудааш аз сарҳадоти таваллуду марг мегузарад. Тамаддун пайваста худро бозтавлид мекунад ва ба ҳамаи равандҳои дар ҳаёти ҷомеа рухдиҳанда вижагию нотакрорӣ мебахшад. Ба думболи андешаҳои марбут ба тамаддун баённамудаи Арнолд Тойнбӣ метавон гуфт, ки ҳар як тамаддун марҳилаҳои пайдоиш, ташаккул, шукуфойӣ, шикаст ва таназзулро паси сар мекунад.

Бештари маврид «тамаддун» чун муродифи истилоҳи «маданият» истифода мешавад. Аммо баъзан «тамаддун» барои ифодаи марҳилаи хотимавии рушди ҳар як дилхоҳ маданияте истифода мегардад. Вақте ки маданият аз шавқмандии эҷодӣ маҳрум мегардаду карахт шуда, баъдан инқироз меёбад он ба андешаи мутафаккири асри бистуми олмонитабор О. Шпенглер ба сатҳи тамаддун мерасад. Бадин тариқ, дар истеъмоли маъмулии истилоҳи «тамаддун» ваҳдати хоссае ба чашм намехӯрад.

Дар таълимоти Ибни Халдун ба сифати ифодакунандаи ин мафҳум истилоҳи «умрон» корбурди васеъ дошта аст. Ба ақидаи ӯ умри тамаддун бастагӣ ба умри давлат дорад, зеро суқути давлат мунҷар ба суқути пойтахт мешавад ва бар пайкари тамаддун зарба ворид мегардад. ҳукумат ба тамаддун кӯмак мекунад, аммо офаринандаи тамаддун ҷамъият аст. Ибни Халдун тамаддунро самараи ҳаёти шаҳрнишинӣ медонад ва барояш умри муайянро қоил аст. ҳақиқат ин аст, ки тамаддун бо сиришти худ осори нописанде дар ҷисму фикр ва ахлоқи мардум эҷод мекунад, зеро дар шаҳрнишинон сустӣ ва роҳатталабӣ ба вуҷуд меояд ва онҳоро барои тавлиди ҳарчи бештари неъматҳои ичтимоӣ камтар мутаваҷҷеҳ месозад. Дар ҳамин шакл умри тамаддунҳо поён меёбад ва онҳо ҳамдигарро иваз мекунанд.

Мафҳуми тамаддунро аз миёнаи асри 18 инҷониб васеъ дар фалсафаи иҷтимоӣ истифода мебурдагӣ шудаанд. Дар ибтидо мӯҳтавои фалсафии мафҳуми тамаддун он марҳилаи рушди башариятро ифода мекард, ки баъд аз ваҳшигарию барбарият меояд (Волтер, А. Фергюссен, А.Р.Тюрго ва дигарон). Тавофутҳои ҷомеаҳои ҷудогона ва замонаҳои онҳо аз дидгоҳи вижагиҳои муҳити сукунат, нажод, анъанаҳояшон хулоса карда шуда, нақши онҳо дар ҷодаи ҳаракати башарият ба сӯи тамаддуни умумӣ таҳти шиори пешрафти ҳамагонӣ(тараққиёт, прогресс) ғайримуҳим арзёбӣ мегаштанд. Дар нимаи дуюми асри 19 чунин хушбинии таърихӣ возеҳан мавқеи худро аз даст дод ва акнун батадриҷ беолоишии ғояи пешрафт таҳти шубҳа қарор гирифт, ҳарчанд ки тасаввуротҳо оид ба томият ва иртиботмандии таърих боқӣ мондан гирифт. Назарияҳои пешниҳодшудаи тамаддун бештар ба омили ҷуғрофӣ (омили гуногун дар мавриди ҷомеаҳои гуногун) аҳамият медоданд, рушди сохтори ҷомеа бар мутобиқшавии он ба муҳити иҳотакарда, дини ҳоким, анъанаҳо ва ғайра асоснок карда мешуд (О.Конт, Г. Спенсер, Г.Т. Бокл, Г. Риккерт ва диг.) Ин ҳама барои дар аввали асри ХХ пайдо шудани тасаввурот оид ба таърих чун маҷмӯи тамаддунҳои маҳдуд (локалӣ)- низомҳои иҷтимоъфарҳангии аз шароитҳои мушаххаси мавҷудияти ҷомеаҳо, аз вежагиҳои одамони маскуни минтақаи муайян, аз баҳамтаъсиргузории манотиқи ҷудогона дар миқёси таърихи ҷаҳонӣ тавлидгашта (О. Шпенглер, А. Тойнбӣ ва диг.) тадриҷан замина гузошт. Бештар таваҷҷӯҳ ба таҳлили фарҳанги маънавии ҷомеаҳои гуногун равона карда мешуд. Принсипи ташреҳии таърих, ки ҳақиқатҳои улумро оид ба ҷараёни он талаб дошт, бо принсипи герменевтикӣ иваз гардид, ки барои фаҳмиши фаъолияти одамон ошкорсозии он арзишҳои умумиеро дар назар дошт, ки онҳо ба роҳбарӣ мегиранд. На фақат хушбинии таърихӣ, балки эътимод ба имконияти муносибати ақлонӣ ба дарки таърих аз миён бархест. Таърихи ҷаҳонӣ фақат чун ҳосилаи баҳамтаъсиррасонии тамаддунҳои гуногун тафсир мешуд, на ин ки чун он қаринае (контекст), ки дар он онҳо метавонанд дар ҷадвали қиеси пешрафт ниҳода шаванд. Консепсияи воҳидгароро (монистиро) назари чандандешӣ ба куллӣ танг карда баровард. Аз миёнаи а. ХХ бозгашт ба ғояи таърихи башарияти воҳиду марҳилаҳои муайянро паси сар созанда сурат гирифт, ки дар он тамаддунҳои алоҳида фақат чун лаҳзаҳое дар роҳи ташаккули таърихи универсалии ҷаҳонӣ ба чашм мехӯранд. Дар чорчӯбаи тафсири хаттӣ- марҳилавӣ раванди таърихӣ мафҳуми тамаддун бо мафҳуми нисбатан васеътари давраи таърихӣ мувофиқ карда мешавад: ҳар як давра тамаддунҳои зиёдеро шомил гардида, ҳамзамон соҳиби ваҳдати билотардиди дохилист (К.Ясперс, М.Блок, Л.Февр, Ф. Броделл ва Янг).

Тафсири таърих дар истилоҳоти тамаддунҳо ё фарҳангҳои маҳдуд, кам ё умуман бо ҳамдигар алоқаманд набуда равиши тамаддунӣ ба таърих номгузорӣ шудааст. Авҷи маъруфияти он ба с. 1920-30 рост меояд. Тибқи ин муносибат аз мавҷудияти сирф табиӣ ва номуайян (диффузӣ) монои созвораҳо тамаддунҳо ба ҳайси шаклҳои мустақили ҳаёт сабзида мерасанд. Онҳо ба ҳамдигар ягон таъсире нарасонида, фақат аҳёнан метавонанд муносибат пайдо кунанд ва ба ҳамдигар монеа шаванд. Ҳар як тамаддун оғозу анҷоми худро дорост. Шпенглер замони мавҷудияти тамаддунро дар ҳудуди ҳазор сол муайян кард, вале Тойнби мӯътақид ба он буд, ки нишон додани умри тамаддун имкон надорад.

Назарияи тамаддунҳои А.Тойнби (1889-1975) аз бисёр ҷиҳат самти андешаҳои Шпенглерро идома медиҳад ва метавон гуфт, ки он намунаи барҷастае аз назарияи тамаддунҳои маҳдуд(локалӣ) мебошад. Тойнби мутафаккири диндор буда, ин ба ташаккули биниши ӯ аз таърих, тафсири аҳдофу маънои он, пешрафти таърихӣ, тамаддуни муосири ғарбӣ то андозаи муайян асари худро гузоштааст. Тибқи андешаи Тойнби, таърих кори дастони худост, ки онро ӯ тавассути мавҷудияти инсон ва башарият амалӣ мекунад. Дар асосии таърих баҳамтаъсиррасонии қонуни ҷаҳонӣ- логоси илоҳӣ ва башарият қарор дорад. Фаъолияти охирӣ посухест ба пурсиши (бозхости) илоҳӣ, ки дар шакли даъвати табиӣ ё дигар даъвате ифода гардидааст. Бо дарки таърих башарият худро ва дар худ қонуни илоҳӣ ва рисолати олитаринро дарк менамояд. Таърих аз нигоҳи сатҳӣ гуногунранг аст, аммо дар умқи худ он як самт дошта, ба дарки инсон аз Худо тавассути худкашфкунии худаш асос ёфтааст.

Тамаддунҳо воҳидҳои иҷтимоии сарбастае мебошанд, ки бо маҷмӯи нишонаҳои муайяни худ аз якдигар фарқ мекунанд. Аломатҳои барои табақабандии тамаддунҳо пешниҳоднамудаи Тойнби хеле серҳаракат буда, аз байни онҳо танҳо ду аломат хусусияти побарҷо доранд ва аз ҷумлаи онҳо аввалан дин ва тарзи ташкили он ва дигаре нишонаи ҳудудист. «Калисои умумиҷаҳонӣ нишонаи асосиест, ки ба таснифи ҷомеаи як намуд имконият медиҳад. Меъёри дигар барои таснифи ҷомеаҳо дараҷаи дурдастии онҳо аз он ҷоест, ки дар он ҷо ҷомеаи мазкур дар ибтидо по ба арсаи вуҷуд ниҳода буд». Тибқи ин маҳакҳо Тойнби 21 тамаддунро ҷудо мекунад, аз ҷумла: мисрӣ, андӣ, чинӣ, миноӣ, шумерӣ, майя, индӣ, эллинӣ, ғарбӣ, православӣ, насронӣ (дар Русия), шарқидурӣ (дар Куриё ва Ҷопун), иронӣ, арабӣ, ҳиндуӣ, мексикоӣ, юкатанӣ, бобулӣ. Тойнбӣ мегӯяд, ки: «Теъдоди тамадунҳои маъруф зиёд нест. Ба мо ҷудо кардани фақат 21 тамаддун даст додааст, аммо метавон тахмин зад, ки таҳлили нисбатан ҷузъитар теъдоди хеле камтари тамаддунҳои комилан мустақилро (қариб 10-то) ошкор хоҳад кард». Аз тамаддунҳои ишорашуда 7-тояш ҷомеаҳои зинда буда, боқӣ аз байн рафтаанд ва зимнан бисёре аз тамаддунҳои алҳол зинда майл ба инқироз доранд. Баробари тамаддунҳои дар кадом дараҷае бо роҳи рушд мутаҳарик Тойнби чор тамаддуни тавлидношуда (ба шумулашон тамаддуни скандинавӣ), инчунин синфи хоссаи тамаддунҳои бозистодаро ҷудо мекунад, ки ахириҳо тавлид гаштанду аммо баъди тавлид дар рушди худ таваққуф дода шудаанд (аз ҷумла тамаддунҳои номинезӣ, эскимосӣ, кӯчманчиён, спартаниҳо ва ғайра).

Пайдоиши тамаддунро наметавон бо такя ба омили нажодӣ ва омили ҷуғорофӣ шарҳ дод. Тамаддун новобаста аз мусоид ва номусоид будани омилҳои берунӣ агар дар ҷомеа аққалияти эҷодие, ки қодир аст дигаронро ба дунболаш барад, вуҷуд дошта бошад, рушд мекунад. Болорафти тамаддун аз худифодасозӣ ва худмуайянкунии дохили пешқадам ва ғуншаванда, гузариш аз дин ва фарҳанги нисбатан дағалтар ба дину фарҳанги нисбатан нафистар иборат аст. Мавқеи Тойнбиро чун чандандешии фарҳангшиносӣ низ тавсиф метавон дод: эътиқоде, ки таърихи инсонӣ аз маҷмӯи воҳидҳои номутассили ташкили иҷтимоӣ («тамаддунҳо») иборат аст. Ҳар яке аз онҳо роҳи беназири худро мепаймояд ва низоми хоссаи арзишҳоро доранд, ки пиромунашон тамоми ҳаёти ҷомеаҳои алоҳида шакл мегирад.

Тамаддунҳои муваффақона рушдёбанда аз марҳилаҳои пайдоиш, афзош, шикаст ва инқироз мегузаранд. Ду марҳилаи аввалӣ бар нерӯи «ҷӯшу хурӯши ҳаётӣ», дуи охирӣ бар заъфу коҳиши «нерӯҳои ҳаётӣ» асос ёфтаанд. Рушди тамаддун бо қонуни давлат ва посух муайян карда мешавад. Вазъияти таърихӣ, ки ба он омилҳои инсонӣ ва табиӣ шомиланд, дар назди ҷомеа проблемаи ногаҳонӣ мегузорад, онро ба майдон барои ҷӯстуҷӯи ҷавоби ҳадафманд фаро мехонад. Пешрафти минбаъдаи ҷомеа аз қобилияти мувофиқ ҷавоб додани он ба ин даъват вобаста аст. Ҳама даъватҳо ба даъватҳои муҳити табиӣ ва даъватҳои муҳити инсонӣ ҷудо мегарданд. Дар ин ҷо Тойнби ба ин натиҷа мерасад, ки:«Ба тавлиди тамаддун шароитҳои нисбатан душвори мавҷудият, ҳам муҳити табиӣ ва ҳам ҳалқаи инсонӣ, мусоидат мекунанд». Панҷ намунаи даъватҳо мавҷуданд: даъвати давлатҳои сахтгир, даъвати заминҳои нав, даъвати зарбаҳои ногаҳонӣ аз ҷониби ҳалқаи берунии инсонӣ, даъвати фишори берунии доимӣ ва даъвати маҳдудгардонӣ, вақте ки ҷомеа як чизи ҳаётан муҳимро аз даст дода, нерӯяшро ба коркарди хосияти ҷубронкунандаи талафот равона месозад. Дар ҳамаи ин маворид қонуни иҷтимоие амал мекунад, ки дар ин формула ҷой мегирад: «Ҳар қароре даъват қавист, ҳамон қадар омил қавист». Аммо агар даъват бо ҷиддият (дағалӣ)- ин ниҳонӣ фарқ кунад, аз андоза берун рафта наметавонад омили самаранок бишаванд.

Маҳакҳои болорафти тамаддун на ғасбияти (экспансияи) он, на бадастории афзояндаи ҳалқаи инсонӣ, на тасарруфи муҳити табиӣ шуда метавонад. Миёни мусаллаҳияти техники ҷомеа, комёбиҳои он дар ҷодаи тасарруфи табиат ва дастовардҳои ҷомеа мувофиқате нест. Назар ба далоил нишон медиҳад, ки (ба қавли Тойнби) мавридҳое ҳастанд, ки техника такмил меёфт, тамаддун бошад, дар ин маврид беҳаракат мемонд ё ҳатто рӯ ба инқироз меовард; аммо мисолҳое ҳастанд, ки техника рушд надошт, тамаддун бошад, хеле ҳаракатманд буд.

Болорафти тамаддун кори дастони шахсиятҳои эҷодӣ ё аққалиятҳои эҷодист. «… Шахсиятҳои эҷодӣ дар дилхоҳ шароите дар ҷомеа аққалиятро ташкил медиҳанд, аммо маҳз ҳамин аққалият ба низоми иҷтимоӣ ҳаёти навин мебахшад. Дар ҳар тамаддуни афзоянда, ҳатто дар давраҳои болорафти нисбатан пуравҷи он тӯдаҳои бузурги мардум боз ҳам аз ҳолати таназзул берун намеоянд…». Болорафти тамаддун дар мавриде ба даст меояд, ки агар аққалият ё кули ҷомеа умуман ба даъват посух диҳанд ва зимнан на ин ки танҳо бо ҷавоб додан маҳдуд шаванд, балки ҳамзамон дигар даъватҳоеро низ тавлид намоянд, ки дар навбати худ посухи нав металабанд. Раванди болорафт то даме қатъ намегардад, ки ин хати такроршавандаи гумкунии баробарвазнӣ ва истиқрори он, аз ҳад беш серборгардӣ ва вайроншавиҳои ҷадид нерӯяшро нигоҳ дорад.

Тойнби мегӯяд, тамаддунҳо бо услубҳои худ мутавофитанд, яъне аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, тамаддуни эллинӣ ба ороиши услуби эстетикӣ тамоюли возеҳтар дорад ва назари он ба ҳаёт бо кули томияташ дар мафҳумҳои возеҳи эстетикӣ ифода меёбад. Тамаддуни индӣ ва тамаддуни ба он хеши ҳиндуӣ услуберо ташаккул медиҳанд, ки характери рӯшан ифодашудаи динӣ дорад. Барои тамаддуни ғарбӣ тамоюл ба истеҳсолоти мошинӣ, ҳадафмандии рағбатҳо ва қобилятҳо ба истифодаи самаранокии кашфиёти табиатшиносӣ, ташкил додани низомҳои моддӣ ва иҷтимоӣ хос аст.

Нимимконӣ ва инқирози тамаддунҳоро пайгиркунанда танҳо натиҷаи таъсири нерӯҳои берунӣ нест. Чун қоида тамаддун аз дастони худ ба ҳалокат мунҷар мешавад. Нимшиканшавии он натиҷаи гум кардани нерӯи худмуқарраркунӣ (самодетерминация) аст. Бо гузашти вақт зубдаи ҳоким ба табақаи сарбастаи худбозтавлидкунанда бадал мегардад. Ҳайати он бад шуда дигар на ба эҷодиёт, балки ба олотҳои моддии ҳокимият ва қабл аз ҳама бо такя ба нерӯи силоҳ зиндагӣ мекунанд. Ҷудогардии уфуқии ҷомеа ба аққалияти ҳукмрон ва пролетариати дохилӣ рух медиҳад. «Ҷудошавию ихтилоф ба сари худ маҳсули ду ҳаракати манфӣ, тавлиди рағбатҳои зишт аст. Аввалан, аққалияти ҳоким бархилофи хирад ҳама ҳуқуқҳоро поймол карда мекӯшад бо қувва мақоми ҳокимӣ ва имтиёзоти меросиро нигоҳ дорад, ки ба онҳо он аллакай арзанда низ нест. Пролетариат (фуқаро) бар алайҳи беадолатии гӯшношунид исён мекунад. Аммо неҳзати пролетариат, бидуни ғазаби одилона аз тарсу ваҳм ва нафрат илҳом (маншаъ) мегирад, ки ин дар навбати худ ба хушунат меорад». Ба андешаи Тойнбӣ, дар натиҷаи чунин муқобила аққалияти ҳоким давлати фарогир (универсалӣ), пролетариат (раият) бошад, калисои умумиҷаҳонӣ бунёд мегузоранд. Дар сарҳадоти тамаддун пролетариати берунӣ пайдо мешавад, ки дар отрядҳои ҳарбии ҳамроҳ ташкил меёбад. Охируламр онҳо метавонанд бо фишори худ тамаддуни аз таззоди дохилӣ заифшударо хароб кунанд. Сарчашмаи инқирози тамаддун ин аст, ки аққалияти ҳоким нерӯ ва энергияи эҷодӣ, қобиляти ба давъати таърихӣ ҷавоб доданро аз даст медиҳад. Ҳамзамон он намехоҳад майдони муҳорибаро бигзорад ва ба ҳар навъе аз ниятҳои дилхоҳ касон барои тақсими маъсулият ҷилавгирӣ мекунад».

Тойнби таърихро ба тамаддунҳои ҷудогонаю маҳдуд ҷудо карда, ҳамзамон мекӯшад ғояи ваҳдати таърихи ҷаҳониро бо додани маънои динӣ ба он барқарор созад. Таърих тавассути тамаддунҳои ҷудогона аз ҷомеаҳои оддитарин ба тамаддунҳо мебарад, ки динҳои олӣ ва инсони ба онҳо рӯовардаро тавлид месозад; инсонеро ки қодир аст мавҷудияти дигар олам, олами самовотро зуд эҳсос кунад. Ба қавли Тойнби, мӯҳтавои асосии адёни олӣ ин аст, ки «ҳар яке аз онҳо руҷӯъ ба ҷони инсонӣ дошта, онро ба ҳамшабеҳгардӣ ба Худо ташвиқ месозад. Ҷони бутпарстӣ на ба андозаи камтар чун ҷони мусалмонӣ, насронӣ, будоӣ ё ҳиндуӣ наҷоти олиро дар соҳаи эътиқоди динӣ меҷӯяду дарёфт мекунад. Аммо ҷони бо нури дини олӣ мунавваршуда ба ҳадди бештар ва нисбатан зудтар мавҷудияти дигар олам, дигар воқеиятро эҳсос мекунад, бебақо будани ҳаёти зудгузари худро дарк менамояд. Ҷон инро дарк намуда (албатта, ҷони аз дини олӣ нуронишуда), метавонад дар ободсозии ҳаёти индунёӣ, дар нисбати ҷони бутпарастӣ бештар чиҳое ба даст оварад». Бо ибораи дигар, пешрафт дар таърих ин қаробати ҳарчи бештари одам ба худост. Бавуҷудоии адёни ҷаҳонӣ, натиҷаи олии рушди таърихист, ки дар он аз ҳама рӯшантар ирсияти фарҳангӣ ва ваҳдати маънавии башарият таҷассум ёфтаанд, ки тавассути маҳдудияти тамаддунҳои ҷудогона ба худ роҳ кушоданд.

Консепсияи Тойнби бо азаматӣ ғояи худ-фаро гирифтани кули таърихи инсонӣ ва тасвир кардани ҳама тамаддунҳои дар рафти он пайдошуда касро мутаҳайир мекунад. Консепсия лабрези ҷузъияти фавқуллода ғанӣ ва мушоҳидоти саҳеҳест, ки ба тамаддунҳои ҷудогона ва қиёси онҳо дахл мекунанд, аммо ин консепсия бо ситоишу мадҳи барзиёди адёни ҷаҳонӣ ва чунин ақидае ба фарҷом мерасад, ки таърих ин нерӯи эҷодии илоҳии мутаҳаррик аст. Таасуроти тазодогандае, ки ин консепсия ба касс мебахшад, бархоста аз характери (феъли) ошкоро диннии ӯст.

Тойнби адёнро ба асосии таснифи тамаддунҳо мегузорад, ба ин ваҷҳ худи мафҳуми тамаддун норӯшан мегардад ва сунъияти таснифоти пешниҳод кардааш арзи ҳастӣ мекунад. Ҳисси таърихии Тойнби имконаш медиҳад, ки ӯ бисёр навоқиси таснифоташро ислоҳ кунад, аммо зимнан тасдиқоте оид ба тамаддунҳои ғайримӯътадил рушдёбанда ва дар марҳилаи барвақтии инкишофи худ шахшудамонда пайдо мешаванд. Вақте Тойнби ба тамаддуни муосири ғарбӣ мегузарад, ки дар рушди он дин нақши намоёне намебозад, ӯ наметавонад вазъро дар чорчӯбаи Консепсияи худ ба силки тавсиф бикашад. Тибқи назари ӯ, тамаддунҳои насли сеюм бо диндории ошкоро заифгардида дар нисбати адёни олӣ падидаи ғайрипешқадаме мебошанд.

Характери ақидаҳои Тойнби ӯро маҷбур месозад, ки «ба замони гузашта фирор намояд», дар навбати аввал тамаддуни ба гузашта андаршударо дар маркази пажӯҳишот ва ҷамъбасткуниҳои худ қарор диҳад. Дин дар онҳо нақши шомих мебозад ва дар мисоли онҳо ҳанӯз метавон кӯшиши нишон додани онро кард, ки дин ин ҳадафи аслии инсон аст ва тамаддунҳо пешрафти маънавии башариятро идора мекунанд. Дар маводи нисбатан ҳозиразамон чунин кӯшиши баръало ба нокомӣ мувозеҳ мегашт. Тойнби қариб ки роҷеъ ба таърихи асри ХХ чизе намегӯяд ва ҳатто ҳаводиси асри 19 дар омади сухан ёдрас мешаванд. Таърихи умумиҷаҳонӣ бе бобби марказии худ- бобби ба таърихи навтарин бахшидашуда мемонад. Тойнби фирорашро ба гузашта бо талош ба таҳлили воқеъбинонаи тамаддунҳо шарҳ медиҳад, ки гӯё аз обекти пажӯҳиш хеле дур шударо тақозо дорад.

Муаррих воқеан даврони гузаштаро дар дурнамои замони ҳозира мебинад ва ҳар қадаре ки ҳаводиси аз ҷонибаш баррасишаванда ба замони ҳозира наздик бошанд, ҳамон қадар хатари биниши таҳрифкоронаи онҳо зиёдтар аст. Аммо дигар ҷиҳати ин масъала низ ҳаст. Таърихи инсонӣ собиту беҳаракат нест, он бо гузашти айём тағйир мепазирад. Он манои дарёест, ки дар сарчашмаҳои худ, дар маҷрои васат ва резишгоҳи худ хеле мухталиф сат. Он чи ки дар бораи сарчашмаҳо маълум шуд, онро ба дарё умуман нисбат додан беэҳтиётие мебуд. Хулосаҳои дар асосии таҳлили тамаддунҳои бостонӣ ва қурунивустоӣ баровардаро ҳаргиз дар ҳаҷми пурра ба таърихи нисбатан дерӣ наметавон мулҳақ намуд. Масалан, аз пайдоиши сармоядорӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва густариши он ба дигар манотиқ дар раванди муттаҳидгарди башарият нисбатан фаъолтар суоат мегирад. Ҷойи таърихҳои маҳдуди (локалии) давлату ҷомеаҳои ҷудогонаро батадриҷ таърихи ҷаҳонӣ- таърихи башарияти воҳид мегирад. Роҷеъ ба ин раванди тадриҷан ягонашавии башарият дар асосии омӯзиши тамаддунҳои якзамоне вуҷудошта ва дар вақту фазои худ маҳдудгашти тамаддунҳои як замоне вуҷудошта ва дар вақту фазои худ маҳдудгашта чи метавон гуфт? Моҳиятан, чизе наметавон гуфт. Дигар раванди бо рушди сармоядорӣ мувозӣ оянда коҳиши диндорист. Дар бораи он низ, фақат ба маълумотҳои истисноан ба ҷомеаҳоим аз байнрафта мансуббуда такя намуда муҳокимарондаи имкон надорад. Таърихи навин аз бисёр ҷиҳат барои дарки ҳаводиси таърихи гузашта калидест. Чунончи, на феодализми ғарбиаврупоӣ, на тамаддунҳои бостонӣ бе таҳлили он ҷомеаҳои коллективии дар асри ХХ вуҷуддошта наметавонанд ки комилан дарк карда шаванд. Фирор ба гузаштаи дур, ки ба таҳлили он таъсири таҳрифкоронаи замони ҳозира камтар асар дорад, фақат зоҳиран тактикаи мувоффақонаи пажӯҳиши таърихӣ ба назар меояд.

Механизми аз тарафи Тойнби пешниҳодшудаи рушди тамаддунҳо универсалию фаҳмо ба чашм намерасад. Махсусан тафсири давраҳои нимшиканӣ ва таназзули тамаддун норӯшан аст. Аққалияти эҷодӣ, ки пештар ба посухгӯӣ ба даъватҳои муҳити табиӣ ва инсонӣ қодир буд, ногаҳон нерӯяшро аз даст медиҳад ва дар шаклҳои тезутунд дар муқобала бо ҷомеаи боқимонда қарор мегирад. Нофаҳмост, ки чаро ин ҳодиса дар мавриди ҳар яке аз тамаддунҳо рух медиҳад. Худи тасаввурот оид ба аққалияти эҷодӣ, ки кули ҷомеаро ба дунболаш мебарад, назарияи орзупарваронаи (романтикии) даҳои эҷодиро ёдрас мекунад. Дар ҳар ҷомеае қишри маҳдуди зубда (элита) мавҷуд аст, ки ба аҳолии боқимонда муқобил истодан, онро идора менамояд. Аммо асосҳои возеҳе нестанд, ки ин зубдаро то давраи нимшиканшавии тамаддун эҷодӣ ва маҳз дар ҳамин давра гумкардаи қобилятҳои эҷодӣ маҳсуб кунем. Мусаллам аст, ки механизми рушди ҷомеа на он қадар бо муносибатҳои тарафайни зубда ва аҳолии боқимонда, балки бештар бо баҳамтаъсиррасонии фарҳангҳои моддию маънавии ҳамин ҷомеа (бо фарогири комили онҳо) муайян карда мешавад.

Маҳаки Тойнби пешниҳодкардаи болорафти тамаддун, ки дар «пешрафти худмуайянкунӣ» қарор дорад, бармало бо қонуни гегелии рушди «худшиносӣ» ва «озодӣ» наздикӣ мекунад.


295
Нет комментариев. Ваш будет первым!